БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд

Октябрь 15, 2023 17:07

ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъйиноти гунонун ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар медиҳад.

Аз ҷумла 13 октябр бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар маркази ноҳияи Ишкошим майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакона ифтитоҳ гардид.

Тазаккур дода шуд, ки рушду пешрафт ва корҳои созандагӣ дар ноҳия бо таваҷҷуҳи рӯзафзун, ғамхориву дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ, минбаъд низ чунин корҳои созандагӣ дар ноҳия вусъати тоза пайдо хоҳанд намуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сулҳу амонӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим низ ба куллӣ тағйир ёфта, сол то сол симои ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти он дигар мешавад.


Ҳамзамон дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим хонаи нави фарҳанг ва дар деҳаи Внукути Ҷамоати деҳоти Вранг хати оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншооти хонаи фарҳанг шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, арзиши лоиҳавии он 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Октябрь 15, 2023 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад