Байни КВД «Тоҷагропромэкспорт» ва КВҶ «Белтаможсервис» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и назди Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии «Белтаможсервис» – и Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти ҷумҳурӣ.
Дар ҳамоиш Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода дар мавзуи «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ» суханронӣ карда, ҷиҳати афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин ташкил намудани корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли сабзавоту меваи барвақтӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулот ва бастубанди он барои содироти кафолатноки минбаъда ба хориҷи ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намуд.
Инчунин дар ҳамоиш барои меҳмонон ва иштирокчиён имконоти содиротии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






