Барандагони унвони Нобелӣ аз фанни физика муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Унвони Нобелро аз фанни физика дар соли 2023 Пйер Агостини, Ференс Крауз ва Анн Люиле барои усулҳои таҷрибавӣ, ки импулсҳои аттосекундии рӯшноиро барои омӯзиши динамикаи электронҳо дар модда тавлид менамоянд, ба даст оварданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии иттилоотии БелТА бо истинод ба сомонаи расмии Facebook-ии ҷоиза хабар додааст.
Тавре ки дар варақаи иттилоотии сомонаи ҷоиза нашр гардидааст, барандагони соли 2023 ҷоизаро барои таҷрибаҳои худ, ки ба инсоният ҷиҳати омӯхтани ҷаҳони электронҳо дар дохили атомҳо ва молекулаҳо асбоби нав фароҳам овардаанд, гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Пйер Агостини, Ферентс Краус ва Анн Люиле тарзи эҷоди импулсҳои хеле кӯтоҳи нурро нишон доданд, ки метавонанд барои чен намудани равандҳои зуд, ки дар онҳо электронҳо ҳаракат ё қувваро тағйир медиҳанд, истифода шаванд.
Дар маҷмуъ, аз соли 1901 то 2022 116 ҷоизаи Нобел аз фанни риёзӣ супорида шудааст. Ҷавонтарин барандаи ҷоизаи Нобел дар ин соҳа Уилям Лоренс Брэгги австралиягӣ буд, ки ин ҷоизаро соли 1915 — дар 25-солагӣ гирифтааст. Куҳансолтарин барандаи ҷоиза физик Артур Ашкин гардида буд, ки соли 2018-ҳангоми гирифтани ҷоиза 96 сол дошт. Ду маротиба ҷоизаи Нобелро аз фанни риёзӣ Ҷон Бардини амрикоӣ сазовор гардидааст.
4 октябр барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи химия, 5 октябр дар соҳаи адабиёт, 6 октябр барандаи ҷоизаи сулҳ ва 9 октябр барандаи ҷоизаи иқтисод ба поси хотири Алфред Нобел, ки соли 1968 аз ҷониби Бонки давлатии Шветсия таъсис дода шудааст, муайян мегарданд.
Тақдими ҷоиза одатан дар рӯзи вафоти Нобел- 10 декабр баргузор мешавад. Андозаи таркиби пулӣ дар ҳар номинатсия 11 миллион крон (тақрибан 1 миллион доллар) — ро ташкил медиҳад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






