Бинои «Мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум» ба истифода дода шуд

Октябрь 30, 2023 19:16

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 – 27 октябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати 40-солагии таъсиси Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» ҷамъомади идона баргузор гардид, ки  дар ҷараёни он бинои маъмурии МД «Мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Дар ҷамъомад иброз шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди системаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, бахусус мамнуъгоҳҳои табиии давлатӣ марҳила ба марҳила таъмин гардид.

Дар робита ба ин бинои маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи табиии давлатии Даштиҷум» аз ҳисоби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ба Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум» 1 воситаи нақлиётии хизматии тамғаи ВАЗ НИВА тақдим гардид.

Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» дар масоҳати 19 700 гектар, дар қисмати ҷанубу шарқии Тоҷикистон, дар доманакӯҳи «Ҳазрати Шоҳ», дар баландиҳои аз 700 то 3000 метр аз саҳти баҳр таъсис дода шуда, мақсади он ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хоси ин минтақа, ҳифз ва афзунгардонии саршумори намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами ҳайвонот мебошад.  Дар экосистемаҳои мамнуъгоҳ набототу ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат дохилшуда ҳифз мешаванд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2023 19:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд