Буҷаи шаҳри Турсунзода бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,7% иҷро гардид

Октябрь 9, 2023 16:12

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳмоҳаи соли равон дар шаҳри Турсунзода ҳаҷми мол, кор ва хизматрасонӣ 9,3 % афзоиш ёфта, буҷаи шаҳр бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,7% иҷро гардид. Дар ин хусус зимни натиҷагирии  фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода доир шуд, фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон натиҷагирӣ гардид.

Дар ин давра соҳаи саноат 3,9%, кишоварзӣ- 33,2% сохтмон- 1,5%, хизматрасонии пулакӣ 11,4% ва савдо 23,3% афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон дар анҷоми ҷаласаи ҷамъбастӣ  ба ғолибони даври ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва даври шаҳрии озмун барои муайян намудани беҳтарин деҳот, деҳа, кӯча ва хонаи истиқоматӣ дар фазои тантанавӣ дипломҳо супорида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Октябрь 9, 2023 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид