ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ҶУДО. Дар он гӯштингирони наврас ва ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16-19 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқа байни наврасон иштироки 130 варзишгар аз 11 давлати Осиё дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 писар ва 1 духтар намояндагӣ менамоянд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои Чемпионати Осиё-2023:
Писарон:
- Лоиқ Қутбуддинов (-55 кг).
- Икром Шамсов (-55кг).
- Ёсин Бобокалонов (-60кг).
- Ворис Назаров (-66кг)
- Аминҷон Абдуҷалилзода (-73кг).
- Муҳиддин Асадуллоев (-73кг).
- Яҳё Алиев (-90кг).
- Аҳмад Табаров (+90кг).
- Шоҳмирхурдӣ Бурҳонзода (+90кг).
Духтарон:
- Мадина Қурбонзода (-48кг).
Федератсияи гӯштини ҷудои Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё байни ҷавонон 8 писар ва 3 духтарро ҷалб менамояд:
Писарон:
- Умар Шеров (-60кг).
- Набии Нуралӣ (-66кг).
- Сунатулло Исоев (-73 кг).
- Абубакр Шеров (-73кг).
- Сунатулло Лоиқов (-81кг)
- Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг).
- Умедҷон Раҷабов (-90кг).
- Музамир Каримзода (-90кг)
Духтарон:
- Мадина Қурбонзода (-48кг).
- Аҳлия Муминова (-52кг).
- Ҷонона Назарова (-63кг).
Дар айни замон варзишгарони наврасу ҷавони тоҷик дар Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» ба машқҳои дастҷамъӣ фаро гирифта шудаанд. Онҳоро мураббиён Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Абдулло Наботов ва Муртазо Носиров тамрин медиҳанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






