Дар Аргентина даҳҳо нафарро бинобар сӯхтори ҷангал ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд

Октябрь 12, 2023 16:36

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Кордоваи Аргентина аз сабаби афзоиши сӯхтори ҷангал аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус  агентии иттилоотии  БелТА бо истинод ба Associated Press хабар додааст.

Оташ дар натиҷаи гармии шадид ба минтақаҳои васеъ паҳн шуда, маҳалҳои аҳолинишинро фаро мегирад. Даҳҳо нафар аллакай аз хонаҳояшон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Якчанд хонаҳо сӯхта, нобуд гардиданд.

Дар хомӯшкунии сӯхтори ҷангал 960 сӯхторнишон иштирок намуда, инчунин 8 ҳавопаймо ва 2 чархбол ҷалб гардидаанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 12, 2023 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд