Дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе саёҳати оммавии экологӣ баргузор гардид

Октябрь 23, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и пойтахт аксия ва саёҳати оммавии экологӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин ташаббус дар доираи амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 баргузор шуд.

Зимни баргузории ташаббуси экологӣ иштирокчиён аввал ҳудуди «Боғи Ғалаба»-ро аз партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ тоза намуданд. Дар идома аз ҷониби мутахассисони соҳаи кӯҳнавардӣ бо иштирокчиён вобаста ба қоидаҳои сайёҳати экологию кӯҳгардӣ ва истифодаи воситаю таҷҳизоти сайёҳат дар шароити кӯҳсор машғулияти омӯзишӣ-амалӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин иштирокчиён зимни саёҳати экологӣ бо табиати зебо ва маконҳои тамошобоби «Боғи Ғалаба» шинос шуда, ба бозиҳои гуногуни шавқовари варзишию саёҳатӣ машғул гардиданд.

Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир бо ташаббуси шаҳрдорӣ баҳри табдил додани шаҳри Душанбе ба шаҳри сабз ва аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои назаррас амалӣ мегарданд. Бунёди боғу гулгаштҳо, шинонидани гулҳои мавсимӣ ва доимамалкунанда ва табдил додани нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба нақлиёти барқӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Октябрь 23, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд