Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба масъалаҳои муҳими забони русӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Проблемаҳои актуалии забони русӣ, масъалаҳои саводнокӣ ва оммавигардонӣ дар мактабҳои олӣ» дар доираи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Пеш аз оғози конференсия иштирокдорон асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳро, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, тамошо намуданд.
Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова иброз дошт, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ бояд дар пешбурди он дар ҷомеа саҳм гузорем.
Дар конференсия устодон, коршиносон ва муҳаққиқон дар мавзуъҳои гуногун вобаста ба омўзиши забони русӣ маъруза намуда, иброз доштанд, ки шавқу рағбати донишҷӯён бобати омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва русӣ) нисбат ба солҳои пеш хеле афзудааст.
Кори конфронс дар ду бахш: «Забон ва адабиёти рус» ва «Методикаи таълими забон ва адабиёти рус» идома ёфт.
Маҷмуаи мақолаҳои илмии конференсия, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр мерасад, зиёда аз 70 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар бар мегирад.
Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қобиланд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррӯза ва касбӣ самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин андешидани тадбирҳои самарабахш барои такмили рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур аст».
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






