Дар Душанбе дар доираи Ҳафтаи дипломатияи «Сабз»-и Иттиҳоди Аврупо самаранокии энергетика дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Октябрь 26, 2023 15:05

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25-26 октябр дар Душанбе  дар доираи Ҳафтаи дипломатияи «Сабз»-и Иттиҳоди Аврупо ва Рӯзҳои энергетикаи устувори Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон таҳти унвони «Самаранокии энергетика дар  Тоҷикистон: имконият ва душвориҳо» конфронси байналмилалӣ гузаронида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Дар конфронс коршиносони соҳаи энергетика, намояндагони академия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои хориҷӣ ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ бо мақсади мубодилаи таҷрибаи пешқадам ҷиҳати татбиқи сиёсати самаранокии энергетикӣ тибқи таҷрибае, ки давлатҳои Иттиҳоди Аврупо  ва ҷонибҳои  иштироккунандаи ҷомеаи энергетикӣ омӯхтаанд, иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи таҳияи стратегия ва механизмҳои татбиқи мусоидат ба самаранокии энергия қарор дорад. Гарчанде ки ҷумҳурӣ дорои захираҳои бойи обӣ  мебошад, иқтидори гидроэнергетикии он хосияти мавсимӣ дорад ва норасоии таъминоти барқӣ дар фасли зимистон зуд-зуд ба амал меояд. Аз ин лиҳоз, сиёсати энергетикӣ ба таъмини дастрасии неруи барқи муттасил ба тамоми истифодабарандагон, беҳтаркунии ҳамкории минтақавӣ ва самаранокии энергетикӣ, инчунин ҷиҳати гуногунсозии манбаъҳои энергия равона шудааст.

Самаранокии энергетикии такмилёфта ва таъминоти гуногуншуда тариқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия- офтобӣ ва шамолӣ, тавре ки дар «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» оварда шудааст, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳити атрофи ҷумҳурӣ манфиати зиёде  дорад. Коҳиши  вобастагӣ ба воридоти сӯзишворӣ ҷиҳати ҳалли талаботи афзоишёбанда ба энергия ва буҳрони таъминот ва таҳияи соҳаи энергияи устувор барои сабук намудани таъсири манфии тағйироти иқлимӣ ва коҳиши партовҳое, ки барои саломатии инсон ва муҳити атроф зараррасон мебошанд, инчунин кам намудани хароҷот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва имконияти иқтисодӣ ҳам барои аҳолӣ ва ҳам барои саноат кумак менамояд.

Вусъатдиҳии самаранокии  энергетикӣ дар хизматрасонии обу корези шаҳрӣ, ҳамчунин такмили истифодаи энергия ва об дар соҳаи обёрӣ ҷанбаҳои баробар муҳиманд, ки дар ҷумҳурӣ бояд ҳал гарданд. Мушкилиҳои идоракунии соҳа, норасоии донишу малака ва монеаҳои молиявӣ аз душвориҳое ҳастанд, ки таҳия ва татбиқи сиёсату стратегияҳои байнисохторӣ, тарғиботи ҳамоҳангсозии сиёсат байни соҳаҳои энергетикӣ, об ва дигар соҳаҳои марбутаро талаб менамоянд.

Дар конфронси байналмилалӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис иброз намуд, ки «Иттиҳоди Аврупо талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати пайгирии ислоҳот дар соҳаи энергетика, инчунин чорабиниҳоро барои тарғиботи самаранокии энергетикӣ ва рушди энергияи барқароршаванда ҷонибдорӣ менамояд.

«Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳадафҳои аниқ гузошта, дар сатҳи матлуби рушди устувори иқтисодӣ ва сатҳи беҳтаршудаи некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ нақши бузург мебозад. Мо Тоҷикистонро даъват менамоем, ки заҳматҳои худро ҷиҳати ба даст овардани рушди устувор ва инклюзивии иқтисоди “сабз” идома диҳад»,- афзуд Раймундас Кароблис.

Тоҷикистон дар марҳилаи таҳияи сиёсатҳо ва механизмҳои татбиқи мусоидат ба истифодаи ниҳоии энергияи барқароршаванда, яъне истифодаи самараноки неруи барқ дар бахшҳои гуногуни истифодаи ниҳоӣ, аз қабили манзил, тиҷорат, саноат ва нақлиёт бо сарфи ками неруи барқ, кам намудани сарфи беҳудаи энергия ва хароҷот қарор дорад. Барои муайян намудани қадамҳои оянда якҷоя бо манфиатдорони асосии миллӣ, донорони байналмилалӣ ва дигар шарикон, инчунин истифода аз имконият барои андӯхтани таҷрибаҳое, ки дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо истифода мешаванд, ба раванди дурнамои рушди устувори сиёсати энергетикӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни конфронси байналмилалӣ иштирокдорон таҳия ва татбиқи сиёсатҳои самаранокии энергетикиро муҳокима намуда, таҷрибаи Иттиҳоди Аврупоро барои тарғиби истифодаи ниҳоии самаранокии энергетикӣ, тарҳи экологӣ ва тамғазании энергетикии дастгоҳҳои барқӣ, инчунин усули Иттиҳоди Аврупоро вобаста ба тарғиботи самаранокии энергетикӣ дар биноҳо баррасӣ намуданд. Беҳтаркунии самаранокии энергетикӣ дар низоми обёрӣ ҳам муҳокима шуда, намуна ва таҷрибаи Қазоқистон, Узбекистон ва ташаббусҳои шарикони рушд дар соҳаи энергияи барқароршаванда ва самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистон матраҳ гардид.

        Ҷомеаи энергетикӣ созмони байналмилалӣ буда, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамсоягони онро барои эҷоди бозори муттаҳидшудаи умумиаврупоии энергетикӣ сарҷамъ менамояд. Ҳадафи асосии он паҳн намудани қоида ва принсипҳои бозори дохилии Иттиҳоди Аврупо ба давлатҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва берун аз он дар асоси чаҳорчӯбаи ҳатмӣ мебошад. Ҷамъияти энергетикӣ нуҳ ҷониби  аҳдкунанда  дорад, ки инҳо  Албания, Босния ва Ҳерсеговина, Косово, Македонияи Шимолӣ, Гурҷистон, Молдова, Черногория, Сербия ва Украина мебошанд.

Ҳафтаи дипломатии “Сабз”-и Иттиҳоди Аврупо қисми чорабинии ҷаҳонии солона буда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он барои оғози гуфтугӯ, ҳавасманд намудан, андешидани тадбирҳо барои муҳити атроф ва иқлим гузаронида мешавад.

        АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2023 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Беларус Харитаи роҳ оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид
Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти ташхисии соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад
Дар Бадахшон беш аз 1 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлатгузашта нобуд карда шуд
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия мебошад
Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад