Дар Душанбе Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии давлатҳои ИДМ анҷом ёфт

Октябрь 7, 2023 10:15

 ДУШАНБЕ, 07.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  таҳти унвони «Мушкилоти ҷории ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ» ба анҷом расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар конгресс беш аз 100 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Украина, Ҳиндустон ва беш аз 250 нафар ҷарроҳони Тоҷикистон иштирок намуданд. Барномаи илмии конгресс тамоми самтҳои ҷарроҳии гепатопанкреатобиарии муосир, аз ҷумла масъалаҳои трансплантологияро дар бар гирифт.

Дар конгресс мушкилоти умдатарини ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ муҳокима гардида, аз ҷониби мутахассисони варзида таҷрибаи пешқадам ва идеяҳои такмили усулҳои барқароркунии ҷарроҳии бутунии анатомию функсионалии узвҳо, имконияти навтарини истифодаи технологияҳои каминвазивӣ ва каммасраф, санадҳои табобати оқилонаи доруворӣ дар ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ пешниҳод ва инчунин мушкилоти воқеии соҳаи саратоншиносӣ, трансплантология ва роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2023 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ