Дар Душанбе маротибаи аввал Конгресси байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии давлатҳои ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Мушкилоти ҷории ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ» Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии давлатҳои ИДМ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Қабл аз оғози конгресс нахуст иштирокчиён ба поси хотири падари тиб, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар назди нимпайкараи ин фарзанди баруманди тоҷик гулчанбар гузоштанд.
Ҳамзамон дар даромадгоҳи донишгоҳ намоишгоҳи якчанд ширкати истеҳсоли маводи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахш баргузор гардид, ки меҳмонон бо он шинос шуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода Конгрессро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
«Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии давлатҳои ИДМ чорабинии беназир барои муҳаққиқон ва табибони воқеӣ мебошад.
“Дар конгресс тадқиқот ва тавсияҳои амалӣ дар соҳаи табобати ҷарроҳии бемориҳои ҷигар, заҳра, ғадуди зери меъда, рӯдаи сафро ва соҳаҳои ҳамрадиф муаррифӣ мешаванд. Ин барои ҷарроҳоне, ки беморони гирифтори бемориҳои мураккаби системаи гепатопанкреатобилиариро мегузаронанд, чорабинии муфид хоҳад буд”, — иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони муосир самаранокии ёрии тиббӣ бештар ба имкони мубодилаи донишҳои илмӣ ва таҷрибаи байни табибони ихтисосҳои гуногун вобаста аст.
Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии давлатҳои ИДМ барои муттаҳид намудани мутахассисони соҳаи табобати патологияҳои ҷигар, роҳҳои сафро ва ғадуди зери меъда, ки дахолати ҷарроҳиро талаб менамоянд, ҷарроҳон, саратоншиносон, кимиётерапевтҳо, эндоскопистҳо ва трансплантологҳо пешбинӣ шудааст.
Дар конгресс беш аз 300 мутахассиси варзидаи соҳаи ҷарроҳии гепатопанкреатобилиарӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Украина, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доранд. Барномаи илмии конгресс тамоми самтҳои ҷарроҳии гепатопанкреатобииарии муосир, аз ҷумла масъалаҳои трансплантологияро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни баргузории Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии давлатҳои ИДМ барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ассотсиатсияи мазкур қадрдонӣ шуд.
Кори конгресс то 6 октябр идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






