Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ баррасӣ гардид

Октябрь 31, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона Салман Бал баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ маҷмуи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 31, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд