Дар Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ байни ҷавонон ҷамъбаст гардид
СУҒД, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бо иштироки 3000 нафар — варзишгарон, мураббиён, собиқадорони соҳа, донишҷӯён, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии вилоят, кормандони ташкилоту идораҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки 13 октябр бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ байни ҷавонони аз 18 то 20-сола бо иштироки беҳтарин варзишгарон аз 21 давлати хориҷӣ оғоз гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ Рафик Валиев дар чемпионат иштирок ва даври финалии онро тамошо намуданд.
Даври финалии чемпионат аз рӯи 8 вазн, аз ҷумла 4 вазн аз намуди тарзи озод ва 4 вазн аз намуди классикӣ дар алоҳидагӣ доир шуд.
Ба ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ аз ҷониби Раиси вилоят ва Раиси Федератсияи байналмилалии гӯштини камарбандӣ медал, диплом, туҳфаҳои пулӣ ва ба ғолибони даставӣ Ҷоми Раиси вилояти Суғд тақдим гардид.
Ҳамзамон ба 20 нафар доварони Федератсияи байналмилалии камарбандӣ ба хотири шаффофу одилона доварӣ намудани чемпионат аз ҷониби Раиси вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






