Дар Хуҷанд Маркази тиббии байналмилалии «Мармед» ба истифода дода мешавад

Октябрь 9, 2023 10:23

СУҒД, 09.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии байналмилалии «Мармед» ба истифода дода мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд.

Маркази тиббии байналмилалии «Мармед» аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 36 кат аст. Бино бо тарзу усули хоси меъморӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд ёфта, дорои утоқҳои алоҳидаи ташхису табобат, машваратӣ, маъмурӣ, бақайдгирӣ ва ду ҳуҷраи алоҳидаи ҷарроҳӣ мебошад. То имрӯз қисмати асосии корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, воридсозии дастгоҳҳо аз тарафи муассисон ба роҳ монда шудааст.

Таҷҳизоти муосир асосан аз Кореяи Ҷанубӣ, Аврупо, Туркия ва Чин ворид гардида, аз тарафи мутахассисони соҳа васлу насб  мешаванд. Дар ин марказ хизматрасонии тиббӣ дар самти ташхису табобат бо навтарин дастгоҳҳо, намудҳои зиёди ҷарроҳӣ, аз қабили ҷоғу рӯй, чашм, узвҳои дарунӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ин мақсад мутахассисони варзидаи ватанӣ ва инчунин пизишкони номӣ аз Русия, Узбекистон, Туркия ва Беларус ҷалб хоҳанд шуд.

Масъулин азм доранд, ки марказро соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Баробари ба истифода додани иншооти наву муосир то 30 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани санаҳои фархундаву миллӣ бунёди иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Октябрь 9, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд