Дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе «Интернет барои хона» фаъол гардид

Октябрь 30, 2023 15:28

ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаи ноқилии «Интернет барои хона» аз аввалин оператори имконияти нави рақамӣ ба сокинони маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе дастрас гардид. Аз ин хизматрасонӣ метавонанд сокинони боз 56 бино ва 2 130 ҳуҷраи пойтахти Тоҷикистон истифода баранд.

Идоракунии «Интернет барои хона» боз ҳам осон гардид: барои роҳати муштариён дар замимаи мобилии MегаФон Life ҳуҷраи корбарии шахсӣ таъсис дода шудааст. Дар ин ҷо шумо метавонед мустақилона тарофаи худро иваз намоед, тавозуни худ ва хабарҳои ҷории марбут ба хизматрасониро бубинед.

Ҳуҷраи шахсӣ ва маълумот дар бораи он ки чӣ гуна хизматрасониро фаъол намуд, ба наздикӣ ба дигар сокинони Душанбе низ лозим мешавад. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» нақша дорад, ки минбаъд хизматрасонии «Интернет барои хона»-ро дар маҳаллаҳои №№ 13, 101 ва 102 низ фаъол намояд. Ҳангоми пайдо шудани имконияти техникии пайвастшавӣ зарур аст ба рақами 4747 занг зада, дархост гузоред – хизматрасонӣ давоми як шабонарӯз дастрас мегардад.

МегаФон Тоҷикистон инчунин телевизиони интерактивии IPTV-ро инкишоф медиҳад, то ин ки муштарӣ ба контенти баландсифати фароғатӣ – филмҳо, силсилафилмҳо, барномаҳои телевизионӣ дастрасӣ пайдо намояд.

«Ҳоло мо дар самти мукаммалгардонии IPTV худ кор бурда истодаем ва ба наздикӣ таҷҳизоти нав ва мувофиқро ба андозаи баробар ба воситаи нигоҳдории USB-флеш пешниҳод хоҳем намуд. Онро танҳо ба телевизор пайваст намудан кофӣ мебошад, васлаки алоҳида зарур намегардад. Бо IPTV муштариёнро контенти боз ҳам зиёдтар интизор аст, инчунин тамоми имконияти AndroidTV дастрас мегарданд», – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.

Ҳангоми интихоби тарофа муштариёни нав метавонанд ба арзиш ва суръати зарурии пайвастшавӣ таваҷҷуҳ намоянд. Яке аз вариантҳои муфид- ин силсилаи «Муттаҳид намо» мебошад, ки аввалин шуда, дар бозори Тоҷикистон имкон дод интернети мобилӣ ва ноқилиро пайваст намояд. «Муттаҳид намо»-ро мумкин аст якҷоя бо бастаҳои «Дар тамос» ё «Аз ту оғоз мегардад» пайваст намоед ва аз ду тарофа истифода баред – пардохти хизматрасониҳои мобилӣ ва собит дар як вақт соқит мешавад. Дар баробари ин «Интернет барои хона» нисбат ба пайвасткунии  алоҳида арзонтар хоҳад буд. Дар айни замон силсила се тарофаро дар бар мегирад, ки бо суръати пайвастшавӣ аз ҳамдигар фарқ менамоянд: «Муттаҳид намо 3 Мбит/с», «Муттаҳид намо 5 Мбит/с» ва «Муттаҳид намо 10 Мбит/с».

Маълумоти муфассалтар дар бораи интернети хонагӣ ва тарофаҳоро аз сомонаи ширкат дастрас намудан мумкин аст.

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Октябрь 30, 2023 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад