Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ омилҳои боздорандаи рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд

Октябрь 27, 2023 15:28

ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди мамлакат дар мавзуи «Омилҳои боздорандаи рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмию амалӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки ҳадафи олии рушди дарозмуддати мамлакат- баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

«Дар ин радиф таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо яке аз ҳадафҳои муҳимми рушди стратегии мамлакатро муайян менамояд. Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи мазкур вазифаҳои асосӣ гузошта шудаанд, ки ҳалли онҳо дар шароити кунунӣ хеле зарур мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст, ки суръати нисбатан баланди рушди саноат ва зиёд намудани ҳиссаи он дар сохтори ММД-и мамлакат таъмин шуда, самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани саҳми он дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо назардошти ғизои комил баланд бардошта шавад»,-баён дошт мавсуф.

Таъкид гардид, ки бо заминаи таъмини рушди агросаноатии мамлакат чандин соҳаҳои дигар, аз ҷумла соҳаи иҷтимоӣ низ метавонанд пеш раванд, сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, зарфияти содиротии давлат, истифодаи захираҳои инсонӣ ва ғайра баланд гардад. Яъне, фароҳам овардани рушди муштараки соҳаҳои кишоварзиву саноат яке аз ҳадафҳои муҳими татбиқи СМР–2030 ба шумор меравад. Барои амалӣ намудани чунин тарҳҳои бузург аз ҷониби коршиносону мутахассисон кластеркунонии соҳаи кишоварзӣ зарурати таъхирнопазир дониста мешавад. Ин заминаи муҷаҳҳазсозии технологӣ ва инфрасохтории соҳаро муносиб ба талаботи имрӯзаи бозори дохилию берунӣ фароҳам месозад.

Иттилоъ дода шуд, ки бино ба таҳлилҳо, бо ин усул Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби тавлидоти пахта метавонад солона ками кам 1,5 миллиард доллари амрикоӣ ва бо ҳамбастагии дигар имконият ҳадди аксар беш аз 3 миллиард доллар, яъне зиёда аз даҳ баробар бештар аз имрӯз содирот намояд. Ба ин хотир, ҳамасола дар мамлакат даҳҳо корхонаҳои хурду калон, корхонаҳои бузурги саноатӣ, ба монанди корхонаи истеҳсолии «Азот» ва ғайра сохта мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ соли 2022 (бе соҳаи энергетика) ба 120% расида, истеҳсол 43 миллиард сомонӣ, ё 5, 7 миллиард сомонӣ (15,4%) бештар аз соли 2021 будааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2023 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад