Дар маркази вилояти Хатлон маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Комиcсариати ҳарбии вилояти Хатлон маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар қатори дигар ҷавонони шуҷои Ватан даъватшавандагони ин вилоят низ бо сарбаландӣ баҳри ҳифзи марзу буми мамлакат ҳозир гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Нахуст даъватшавандагон аз саҳни комиcсариати ҳарбии вилоят то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар даст шиору овезаҳои тараннумгари сулҳу ободӣ ва ҳифзи Ватан бо руҳияи болида роҳпаймоӣ намуданд. Аз чеҳраҳои гарму самимӣ ва хандони наваскарон маълум буд, ки ҷавонони шуҷои Ватан баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ бо азми дил равонаи хизмати Ватан-Модар мебошанд.
Ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба ҷавонмардии наваскарон сокинони шарафманди шаҳри Бохтар дар кучаҳои шаҳр бо мавҷи қарсакҳо наваскаронро руҳбаланд менамуданд.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода аз номи Раиси вилояти Хатлон ҳамаи даъватшавандагон, ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлонро, ки аввалин шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонд.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии давлат Артиши миллӣ зина ба зина комил ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифз, нигаҳдории мамлакат ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Сол аз сол шароити хизмат барои сарбозон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, инфрасохтори наву замонавӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта мешавад.
Ба хотири болидаруҳии наваскарон ҳунармандон ва сарояндаҳои вилоят барномаи зебои театрӣ пешниҳод намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






