Дар маркази вилояти Хатлон маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид

Октябрь 4, 2023 11:57

ДУШАНБЕ, 04.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Комиcсариати ҳарбии вилояти Хатлон маросими ботантанаи гусели наваскарон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки  дар қатори дигар ҷавонони шуҷои Ватан даъватшавандагони  ин  вилоят низ бо сарбаландӣ баҳри ҳифзи марзу буми мамлакат ҳозир гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Нахуст даъватшавандагон аз саҳни комиcсариати ҳарбии вилоят то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  дар даст шиору овезаҳои тараннумгари сулҳу ободӣ ва ҳифзи Ватан бо руҳияи болида роҳпаймоӣ намуданд. Аз чеҳраҳои гарму самимӣ ва хандони наваскарон маълум буд, ки ҷавонони шуҷои Ватан баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ бо азми дил равонаи хизмати Ватан-Модар мебошанд.

Ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба ҷавонмардии наваскарон сокинони шарафманди шаҳри Бохтар дар кучаҳои шаҳр бо мавҷи қарсакҳо наваскаронро руҳбаланд менамуданд.

Муовини Раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода аз номи Раиси вилояти Хатлон ҳамаи даъватшавандагон, ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлонро, ки аввалин шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсану офарин хонд.

Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии давлат Артиши миллӣ зина ба зина комил ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифз, нигаҳдории мамлакат ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Сол аз сол шароити хизмат барои сарбозон дар  ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, инфрасохтори наву замонавӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта мешавад.

Ба хотири болидаруҳии наваскарон ҳунармандон ва сарояндаҳои вилоят  барномаи зебои театрӣ пешниҳод намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Октябрь 4, 2023 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид