Дар Мастчоҳ қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 43 фоизи нақшаро ташкил медиҳад

Октябрь 21, 2023 11:23

ДУШАНБЕ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пахтазори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии «тиллои сафед» вусъати тоза мегирад. То 20 октябр 11 ҳазору 800 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 43 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, деҳқонону саҳмдорон ва ёрдамчиён аз рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода намуда, дар як рӯз аз 450 то 500 тонна пахта меғундоранд.

Рӯзҳои охир дар саҳроҳои ноҳия ҳамарӯза зиёда аз 8 ҳазор нафар барои ҷамъоварии ҳосили пахта ба кумаки марди деҳқон мебароянд.

Ҳамзамон дар асоси дастури Раиси ноҳияи Мастчоҳ, ки 18 октябр дар ситоди навбатии «Ҳосил-2023» ба роҳбарони ташкилоту муассиса ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дода шуд, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати сари вақт ва беталаф ғундоштани ҳосил андешида мешаванд. Тибқи он, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои вусъат додани ҷамъоварии пахта қувваҳои кории иловагӣ аз ҳисоби саҳмдорон ва хоҷагиҳо ҷалб мегарданд. Ба ҳар кило пахтаи чида 1 сомонӣ пардохт  мешавад.

Тибқи иттилои масъулини​ Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, соли равон дар ноҳия дар 11 ҳазору 456 гектар пунбадона кишт шудааст. Заркорон азм доранд, ки ба хирман беш аз​ 28 ҳазор​ тонна «тиллои сафед» бирезанд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Октябрь 21, 2023 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»