Дар Москва доир ба нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасони тоҷик дар замони муосир ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллию давлатдорӣ, муттаҳидсозии неруи занону духтарон дар тарбияи насли ҷавони мамлакат, гиромидошти арзишҳои ахлоқӣ байни занони тоҷик дар хориҷи ҷумҳурӣ дар мавзуи “Нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон дар замони муосир” ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятӣ.
Дар ҳамоиш масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, аъзои котиботи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, роҳбарони гурӯҳҳои кории назди Шурои ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва, олимону муҳаққиқон, ҷамъиятшиносон, занони фаъоли муқими шаҳри Москва ва вилояти он, роҳбарони гурӯҳҳои занони фаъол дар давлати иқомат иштирок ва вобаста ба масъалаи мазкур андешаронӣ намуданд.
Барои иштирокчиёни ҳамоиш вобаста ба мавзуҳои “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа”, “Саҳми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар замони муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли масъала”, “Роҳҳои муттаҳидсозии неруи занон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеаи дунявӣ”, “Нақши занон дар рушд ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ” ва “Саҳми занон дар пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ” маъруза карда шуда, роҳҳои пешгирӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар байни наврасону ҷавонон, истифодаи усулҳои муосир дар тарбияи насли наврас, корбурди усулҳои гуногун баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории насли ҷавони тоҷик дар хориҷи мамлакат баррасӣ гардид.



Аз ҷумла, вобаста ба пешгирии ҷавонону нарасон аз хатару таҳдидҳои муосир, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоиву ифротӣ, террористиву экстремистӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз, гаравиши насли ҷавон дар хориҷи мамлакат ба хурофотпарасӣ ва бегонапарасӣ далелҳои равшан оварда шуда, роҳҳои пешгирӣ ва тарбияи дурусти насли ҷавонро дар ин самт арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаи занону духтарон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷамъият, ташкили квотаи президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистон ва ноҳияҳои дурдаст, стипендияи президентӣ барои ҳавасманднамоии насли ҷавон ҷиҳати омӯзиши илму маърифат изҳори миннатдорӣ намуданд.
АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия











Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






