Дар Муъминобод пистаи навъҳои «Марҷони кӯҳӣ» ва «Хандонак» парвариш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назарови ноҳияи Муъминобод боғи пиставу олуи сиёҳи содиротӣ бунёд намудааст. Маҷмааи агросаноатӣ дар масоҳати 20 гектар соли 2021 бунёд ёфтааст. Аз маҷмуи заминҳои дар ихтиёрдоштаи ҷамъият 5 гектар писта, 4 гектар олуи сиёҳ, 5 гектар боғи интенсивӣ ва боқимондаро боғоти гелосу зардолу ташкил медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мавриди тазаккур аст, ки боғи писта бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ бунёд шуда, айни ҳол ниҳолҳо нашъунамои хуб дорад. Дар боғ пистаи навъҳои «Марҷони кӯҳӣ» ва «Хандонак» парвариш ёфта, дар 5-6 сол ба ҳосил медароянд. Ба гуфти мутахассисон, ин навъҳои писта дар шароити сунъӣ, яъне боғӣ ба ҳосил даромада, мувофиқи дурнамо, дар 25-30-солагӣ аз як гектар 60-70 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст.
Боғи олуи сиёҳ пайванд гузаронида шуда, таҳти назорати мутахассисони соҳа қарор дорад. Аз он ки иқлими ноҳияи Муъминобод барои парвариши олу мувофиқ аст, тибқи гуфтаи деҳқонону мутахассисон, ин навъи дарахтон аллакай дар 3-солагӣ ба ҳосил медароянд.

Ёдовар мешавем, ки 21 октябри соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров ба Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» ташриф оварда, бо нашъунамои боғоти пиставу олуи сиёҳи содиротӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаи чорвои хушзоту парандаҳои нодир шинос шуданд. Сарвари давлат аз ташаббуси бунёдкорони боғ ҷиҳати ташкили боғу токзор дар заминҳои бекорхобида изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми мазкурро намунаи олии пайгирӣ аз иқдомоти созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат ба масъулин ҷиҳати аз ҳисоби заминҳои бекорхобида боз ҳам зиёд намудани майдони кишти зироати кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд






