Дар Пекин вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор гардид

Октябрь 18, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд- Як роҳ», ки 17 октябр дар Пекин оғоз ёфт, дар вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хуршед Каримзода оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии соҳаи гумрук ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози назар намуда, гуфт, ки ҷоннок намудани ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки минтақа барои зиёд намудани гардиши тиҷорати хориҷӣ, пешгирии воридшавии ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт бо роҳи мубодилаи электронии маълумот ва дигар самтҳои афзалиятнок ба манфиати кор хоҳад буд.

Роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳавасмандии худро барои таҳкими ҳамгироии муштарак дар масъалаҳои ҳамгироии низоми «Равзанаи ягона» дар тиҷорати хориҷӣ, бартараф намудани мушкилиҳо дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, тақвияти татбиқи низоми «Идораи таваккал» ва пешбурди механизми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» иброз намуданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки чунин мулоқотҳоро мунтазам баргузор намуда, харитаи роҳро дар доираи гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати амалисозии вазифаҳо ва мақсадҳои мубрами соҳа таҳия ва тасдиқ намоянд.

 АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст