Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба муаррифии сохтори нав: Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо барномаи машғулияти назариявию амалӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд.
Барномаи машғулияти назариявию амалӣ аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва муаррифӣ шудааст.
Тавре дар хабари расмии Прокуратураи генералӣ омадааст, зимни амалисозии ин барнома зарурати таъсис, мазмун ва моҳияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ба кормандон фаҳмонида шуд.
Дар барнома мавзуъҳои муҳим, аз қабили самтҳои асосии фаъолият, вазифа, принсип ва ваколатҳои Марказ, бақайдгирӣ ва танзими парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Машғулият аз ҷониби кормандони варзидаи мақомоти прокуратура, устодони Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва дигар кормандони масъул бо усулҳои назариявӣ, интерактивӣ, амалӣ ва кор бо гурӯҳҳо амалӣ мешаванд.
Барои иштирок дар барномаи мазкур кормандони мақомоти прокуратура, ки самти пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳоро назорат менамоянд, ҷалб шудаанд.
Шиносоии кормандони мақомоти Прокуратура бо Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо идома ёфта, 12-13 октябр машғулият бо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 18-19 октябр бо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






