Дар шаҳри Хоруғ мусобиқа аз намуди волейбол байни наврасон баргузор шуд
ХОРУҒ, 29.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи варзиши шаҳри Хоруғ мусобиқаи интихобии варзишӣ аз намуди волейбол байни наврасони аз 15 то 17-сола баргузор гардид, ки дар он 5 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Ин мусобиқа се рӯз давом ёфта, бо пирӯзии дастаи наврасони ноҳияи Рӯшон ба поён расид. Ҷойҳои дуввуму сеюмро дастаҳои ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим аз худ намуданд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Солеҳҷон Амирҷонзода зимни ҷоизасупорӣ ба дастаҳои ғолиб изҳор намуд, ки мақсад аз баргузор намудани мусобиқа- ин дарёфт намудани чеҳраҳои нави варзишӣ аз намуди волейбол ва шомил намудани онҳо ба дастаи мунтахаби вилоят мебошад.
Дастаи волейболи мардона ва занонаи вилоят яке аз дастаҳои беҳтарин дар ҷумҳурӣ шумурда мешавад ва давоми беш аз даҳ сол ҳарду даста дар сархати ҷадвали мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ қарор доштанд. Аммо батадриҷ баъзе аз ин бозигарон бо сабаби синну сол ва ё иваз намудани ҷои иқомат дастаи мунтахаби вилоятро тарк намуданд. Аз ин рӯ барои мураббиёни дастаи мунтахаб зарур аст, ки чунин мусобиқаҳоро бештар баргузор намоянд ва ба ин васила чеҳарҳои навро кашф ва шомили дастаи мунтахаб гардонанд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа аз байни се дастаи ғолиб як дастаи мунтахаб ташкил намуда, ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки аз 27 то 31 октябр дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд баргузор мешавад, гусел намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






