Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ тақсими тухмии зироат бо иловаи нуриҳои минералӣ оғоз гардид

Октябрь 9, 2023 14:35

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат дар шаҳру ноҳияи мамлакат хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир, ки аз 1 то 5 гектар замин доранд, хусусан хоҷагиҳое, ки таҳти роҳбарии занон қарор доранд,  барои кишти солҳои 2023-2024 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ба воситаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла тухмии зироати кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин  карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд. 

Тибқи нақша, 6 октябр дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии мамлакат, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ  тақсими тухмии зироат бо иловаи нуриҳои минералӣ оғоз гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур зиёда аз 11 ҳазор хоҷагии деҳқонии осебпазир, ки аз 1 то 5 гектар замин доранд, бахусус заминҳое, ки таҳти роҳбарии занон қарор доранд, барои кишти солҳои 2023-2024 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо тухмиҳои хушсифати гандум, картошка, ҷуворимакка, зағир, пиёз, бодиринг, помидор ва нахуд бо иловаи нуриҳои минералӣ бархурдор мегарданд.

Бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзии мамлакат зери таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ҳидоятҳои Сарвари мамлакат кишоварзон истифодаи оқилонаву самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рӯёнидани ду-се ҳосилро хуб дарк намуда, дар фаровонии бозорҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2023 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст