Дар Тоҷикистон вазъи ҳаво якбора номусоид шуда, ҳарорат то 8-10 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6-7 октябр дар ҷумҳурӣ номусоидии якбораи вазъи обу ҳаво пешгӯӣ шуда, дар бештари минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа паст шуда, дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 28+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.








ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст






