Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи «Ҷоми Мердека» бо Малайзия бозӣ менамояд

Октябрь 14, 2023 15:24

ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки 17 октябр дар Куала-Лумпур баргузор мешавад, маълум гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар финал дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо мизбони мусобиқа — Малайзия, ки дар даври нимниҳоӣ бар Ҳиндустон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд, рақобат менамояд.

Вохӯрии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» байни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор гардида, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 14, 2023 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд