ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияи Вахш дар рӯзи аввал иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябри соли 2023 дар варзишгоҳи коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, бои иштироки масъулини мақомоти давлатӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш хабар доданд.
Зимни суханронии масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш таъкид гардид, ки маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҷавонон обутоб меёбанд ва ҳамчун мардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд ва дар баробари ин донишу малакаи сиёсии худро баланд бардошта, ҳифзи марзу бум ва ҳар як ваҷаб замини Тоҷикистони азизро барои худ шараф ва ифтихор медонанд.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ҷавонони ноҳияи Вахш ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия омода, иброз намуданд, ки мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллати тоҷик иҷро намоянд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ бамаротиб беҳтар гардидааст, ки ҷавонон бо рӯҳу илҳоми қавӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, сарбаландона ба назди волидонашон бармегарданд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як падару модар мегардад.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандагон ва волидони онҳо дар мавзуи хизмат ба Ватан-Модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат ҳидоят намуданд.
Ба ҷавононе, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд. Ҷавонони боазму иродаи ноҳияи Вахш чун дигар ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихору сарфарозиҳои зиёд омода будани худро ба хизмати Ватан-Модар баён намуданд. Ду нафар аз ҳисоби фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 8 нафар фарзандони кормандони соҳаи маорифи ноҳия ба хизмати Ватан-Модар сафарбар карда шуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Вахш суруду таронаҳои дилнишину ватандӯстонаро пешниҳоди аҳли чорабинӣ намуданд ва ҷавонон дар вазъияти хотирмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба халқу Ватан ба сафи Артиши миллӣ гусел карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






