ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар ноҳияи Вахш дар рӯзи аввал иҷро шуд

Октябрь 1, 2023 17:35

ДУШАНБЕ, 01.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябри соли 2023 дар варзишгоҳи коллеҷи тиббии ноҳияи  Вахш ба муносибати гусели нахустин гурӯҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, бои иштироки масъулини  мақомоти давлатӣ,  фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш хабар доданд.

Зимни суханронии масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш таъкид гардид, ки маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҷавонон  обутоб меёбанд ва ҳамчун мардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд ва дар баробари ин донишу малакаи сиёсии худро баланд бардошта, ҳифзи марзу бум ва ҳар як ваҷаб замини Тоҷикистони азизро барои худ шараф ва ифтихор медонанд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ҷавонони ноҳияи Вахш ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия омода, иброз намуданд, ки мехоҳанд қарзи шаҳрвандии худро дар назди давлату миллати тоҷик иҷро намоянд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар  қисмҳои ҳарбӣ бамаротиб беҳтар гардидааст, ки ҷавонон бо рӯҳу илҳоми қавӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, сарбаландона ба назди волидонашон  бармегарданд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як падару модар мегардад.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандагон ва волидони онҳо дар мавзуи хизмат ба Ватан-Модар изҳори андеша намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва садоқатмандӣ ба давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ба ҷавононе, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд. Ҷавонони боазму иродаи ноҳияи Вахш чун  дигар ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихору сарфарозиҳои зиёд омода будани худро ба хизмати Ватан-Модар баён намуданд. Ду нафар аз ҳисоби фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 8 нафар фарзандони кормандони соҳаи маорифи ноҳия ба хизмати Ватан-Модар сафарбар карда шуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Вахш суруду таронаҳои дилнишину ватандӯстонаро пешниҳоди аҳли чорабинӣ намуданд ва ҷавонон дар вазъияти хотирмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба халқу Ватан ба сафи Артиши миллӣ гусел карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2023 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд
Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд
«Ҳифзи суботу оромии кишвар масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад», — бардошт аз ҳамоиш дар мақомоти милитсияи пойтахт
Дар Прокуратураи генералӣ бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2026 баргузор гардид
Кормандони гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт ва мусодира намуданд