ДУШАНБЕ — МАКОНИ ПИСАНДИДАИ САЙЁҲОНУ МЕҲМОНОН. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст. Соли 2022 — 192 ҳазор меҳмонони хориҷӣ шаҳри Душанберо тамошо намудаанд, ки ин нисбат ба соли 2021 2 маротиба зиёд мебошад. Чун имрўз, 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо (World Cities Day) эълон гардидааст, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дастовардҳои пойтахт дар самти сайёҳӣ чанд маълумотро пешниҳоди хонандагон мегардонад.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Баҳри тавсеаи сайёҳӣ бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бунёду навсозии 10 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба нақша гирифта шудааст. Дар айни ҳол 3 адади он мавриди истифода қарор дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Ҳамаи меҳмонхонаҳои бунёдшаванда бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.
Меҳмонхонаи «Дипломат» яке аз онҳост, ки дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтар №3, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бунёд мегардад. Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» бунёд гардида, дорои таваққуфгоҳи зеризаминӣ, маркази савдо, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. «Дипломат» дар маҷмӯъ аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 40 ҳуҷраи стандарт, 19 люкс, 20 нимлюкс ва як ҳуҷраи президентӣ иборат мебошад.
Баҳри тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳию сармоягузорӣ, инчунин таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ, фаъол гардонидани раванди ҷалби сармояи хориҷӣ дар пойтахти мамлакат пайваста барномаҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ — Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе», Фестивали «Оби Душанбе», Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Душанбе-Инвест», Фестивали байналмилалии истеъдодҳои навраси кишварҳои узви ИДМ «Дар меҳмонии Душанбе», Фестивали байналмилалии тобистонаи «Dushanbe Antiepileptic Meds», Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Форуми байналмилалии «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон», Фестивали байналмилалии фарҳангии кӯдакону наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» ва дигар чорабиниҳову мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд баргузор карда мешаванд, ки дар он сокинону меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ иштирок менамоянд.
Соли гузашта дар пойтахт Озмуни «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе» доир гардид, ки ғолибон барои ҷойи якум бо 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Дар озмун ширкатҳои сайёҳие иштирок карданд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.
Натиҷаи ҳамин талошу заҳматҳо буд, ки соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF), тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Русия ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини давлатҳои аъзои ИДМ ва ба даҳгонаи Беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона шомил гардида, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ арзёбӣ гардид.
Аз 3 октбяри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шўрои вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.
Моҳи феврали соли равон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар пойтахт нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2026 тасдиқ гардид. Тибқи нақша, давоми солҳои 2023-2026 дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ ва фестивалу озмунҳо баргузор шуда, муосиргардонии иншооти соҳа низ дар назар дошта шудааст.
Мақсад амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании пойтахти мамлакат ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар пойтахт зиёда аз 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои «Наврўз», «Борбад», «Ваҳдат», «Сурўш», беш аз 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рўйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.
Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр, маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.
Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000 солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.
Инчунин дар пойтахт нақлиёти мусофиркашонии ширкатҳои кироякаши таксӣ бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонида шуда, намои зиёда аз 310 адад бинову иншоотҳо бо равшанидиҳии беруна таъмин карда шуд.
Давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ як қатор тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ Ховар/манбаъҳои боз