ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои «Равшан» бо «Хатлон» ва «Истиқлол» бо «Регар-ТадАЗ» қувва меозмоянд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2023 оид ба футбол доир мегарданд. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба меҳмонии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода меравад. Дар бозии аввал дастаи футболи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1 бар 0 дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуда буд. Ягона голро дар дақиқаи 19-ум Шаҳром Сулаймонов ба нишон расонида буд.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 9 маротиба ғолиби Ҷоми Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода 6 маротиба дар Ҷоми Тоҷикистон муваффақ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари ҷавобӣ дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат менамоянд. Дар бозии аввал дар шаҳри Бохтар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Хатлон» бо ҳисоби 3 бар 0 ғолиб гардида буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






