Гармхонаҳои замонавии вилояти Суғд барои таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза мусоидат менамоянд
ДУШАНБЕ, 08.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташкили гармхонаҳои замонавии «ММК Агро» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Агронуфуз» дар вилояти Суғд иқдоми заруриву саривақтӣ буда, барои истифодаи таҷрибаи чунин гармхонаҳо дар дигар минтақаҳои вилоят низ дар назди масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифа гузошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
6 октябр роҳбарияти вилоят бо фаъолияти гармхонаҳо шинос гардида, барои таъмини бозор бо маҳсулоти тару тоза ба масъулин супоришҳо дод.
Гармхонаи «ММК Агро» тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он парвариши помидор бо усули гидропоникӣ ва органикӣ ба роҳ монда шудааст. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм насб гардидааст. Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ парвариш намудани тухмиҳо аз ду як ҳиссаи гармхонаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.
Тухмии помидор аз хориҷи мамлакат ворид шуда, ба маҳал мутобиқ кунонида шудааст. Ҳоло нашъунамои помидор ҳам дар қисмати органикӣ ва ҳам гидропоникӣ хуб буда, масъулон азм доранд ҳосили майдони якумро нимаи дуюми моҳи декабр ба бозор бароранд. Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила ҳосили пухтарасидаи помидор аз гармхонаҳои «ММК Агро» ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда мешавад.
Гармхонаи ҶДММ «Агронуфуз» аз қабили дигар гармхонаҳои замонавӣ дар вилояти Суғд мебошад. Дар инҷо дар масоҳати 1 гектар помидор ва 0,10 га қаланфури булғорӣ парвариш мешавад. Ба таъкиди масъулон, 300 тонна помидор ва аз майдони қаланфури булғорӣ 10 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад.
Раиси вилоят аснои боздид аз ин гармхонаи замонавӣ таъкид дошт, ки воқеан бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони вилоят кӯшиш доранд, ки гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ бунёд намоянд.
Гармхонаи ҶДММ «Агронуфуз» пурра бо технологияи Кореяи ҷанубӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳатто барои равшаниву гармии дохили гармхона рӯшноии сунъӣ ташкил гардидааст. Баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон дар ин гармхона тухмии помидор аз Ҷопон ворид шуда, шумораи ниҳоли помидор дар гармхонаи мазкур 22 ҳазор бехро ташкил медиҳад.
Масъулон иттилоъ доданд, ки ҳосили помидор аз ин гармхона то моҳи январ ҷамъоварӣ мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






