«Хизмати Ватан-Модар қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мо аст!»,- бардошт аз гусели наваскарон дар Файзобод
ФАЙЗОБОД, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод маъракаи гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ доир гардид, ки зимни он падару модарон, фаъолону собиқадорони ноҳия фарзандони бонангу номуси хешро ба хизмати Ватан — Модар гусел намуданд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳии Файзобод ба хабарнигори АМИТ минтақавии «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Ҷалби наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд соли охир ба маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони худ барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр доданд.
Аскари навдаъват Бузургмеҳр Исматуллоев иброз дошт, ки “мо, ҷавонон ба боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Вақте ки Пешвои миллат ҷавононро «ояндаи миллат» меноманд, гумон мекунам, хизмати аввалиндараҷаи мо ба Ватани азизамон шомил шудан ба Артиши миллӣ мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки хизмати Модар – Ватан- ин қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мо аст!»
Дар маросими тантанавӣ Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода иброз намуд, ки “имрӯз ҷавонони шуҷою ғаюри ноҳия барои адои қарзи шаҳрвандии худ тайёр мебошанд. Хизмат намудан ба Ватан – Модар бояд барои ҳар яки шумо ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи фарзандони миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк намуда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқатро омӯзанд”.
Роҳбарияти ноҳия ба наваскароне, ки пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ даври ронандагиро хатм намудаанд, ҳуҷҷати ронандагӣ супориданд.
Дар анҷоми маросим модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газониданд. Инчунин ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири даъватшудагону меҳмононро болида гардонданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






