«ХУШО, КИ БОРИ ДИГАР ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД!». Ҳадаф аз эҳёи ин ҷашни миллӣ арҷ гузоштан ба мероси ниёгон ва рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад

Октябрь 15, 2023 08:32

ДУШАНБЕ, 15.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 14 сол инҷониб якшанбеи сеюми моҳи октябр Иди Меҳргон таҷлил мешавад. Ҳамасола ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми ориёинажод буда, маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қатори дигар ҷашну идҳо Меҳргон ҳамчун иди миллии мамлакат шинохта шудааст. Мутахассис оид ба робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ Ёқубҷон Уроқов бархе суннатҳои ин ҷашнро чунин шарҳ дод:

— Ҷашни Меҳргон ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунӣ мебошад. Ба ин хотир дар рӯзи баргузории ин ҷашн мардум либоси нав, ки ранги арғувонӣ дорад, ба бар ва шодиву хурсандӣ менамоянд. Дар болои хони меҳргонӣ шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзавот, анор, себ, ангур ва гулҳои рангоранг мегузоранд. Гузоштани чанд сиккаи нуқра, санҷиду бодому писта ва дар зарфе оби хушбӯи овшинро риоя менамоянд. Дар атрофи хон шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд менамоянд.

Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе бар ӯ мегузоранд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад: Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрангез, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб…

Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тоза гардид. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ, табиӣ, файзу баракат, фаровонӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати ба худ хос дар сар то сари давлати соҳибистиқлоламон ҷашн гирифта мешавад.

Пайдоиш ва густаришу бузургдошти ҷашни Меҳргонро мутафаккирони барҷастаи Шарқу Ғарб дар осори худ васф намудаанд. Тибқи навиштаҳои онон, Меҳргон ҷашне аст, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишот бо худ меоварад ва он шукуҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мо аст. Дар осори бузургони илму фарҳанги ниёгонамон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунию Умари Хайём, Фаррухию Унсурӣ оид ба Меҳргон навиштаҳои гаронбаҳое мавҷуд ҳастанд, ки бо камоли эҳтиром ва гарму ҷӯшон оид ба расму оин, шукуҳу шаҳомат ва иззату шуҳрати он маълумоти арзишманд медиҳанд.

Меҳргон воқеан ҳам ҷашни мардумӣ буда, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то рӯзгори мо расидааст. Шоири ҷавон Рустами Аҷамӣ онро чунин васф намудааст:

Ба боми хонаи мо меҳри хусравон омад,
Фурӯғи хотираи аҳди бостон омад.
Ҷамоли мо шуда равшан зи меҳри тобонаш,
Хушо, ки бори дигар ҷашни Меҳргон омад!

Ба таъкиди Роҳбари давлат, баргузории чунин ҷашнҳо танҳо ба хотири ид нест, балки таҷлили ҳар гуна ҷашну санаҳои муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик диҳад. Аз он ки дар пеш фасли зимистон аст, барои фароҳам овардани захираи маводи ғизоии мавриди зарурат аз ҳоло тайёрӣ ва омодагӣ доштани мо ба мақсад мувофиқ мебошад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳи ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифоя шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолиро таъмин менамояд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ якчанд техникаҳои кишоварзӣ, аз қабили 20 испор, 15 нармкунак, 13 тухмипошаки пахта, 13 тухмипошаки зироати ғалладонагӣ, 4 тухмитозакунак, 15 картошкаканак, 15 картошкашинонак, 2 заминҳамворкунак, 4 пахтатозакунак ва 4 тойбанди пахта харидорӣ гардида, 10 октябри имсол ба хоҷагидорон супорида шуд. Ин техникаҳои кишоварзӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» харидорӣ шуда, ба хоҷагиҳои тухмипарвар дар шакли 70% грантӣ ва 30% маблағи пардохтӣ тариқи лизингӣ бефоиз давоми се сол аз ҳисоби даромади хоҷагиҳо пешниҳод мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соли 2022 барои баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот дар соли 2023 ба миқдори 280 тонна тухмии гандум бо иловаи 381,8 тонна нуриҳои минералӣ, 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои «Лодос» 105 тонна, «Перла С» 30 тонна, «Аря» 15 тонна, 530 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои «Гала» 400 тонна, «Кроне» 130 тонна бо иловаи 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харид намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарвар барои такрористеҳсолкунӣ дастрас намуд, ки дар натиҷа ҳосили хуб ба даст оварда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки барои кишти соли 2024 гандуми тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои «Гром» 150 тонна, «Алексеич» 200 тонна, «Тимирязевка 150» 150 тонна бо иловаи 1250 тонна нуриҳои минералӣ дар доираи лоиҳа харида шуда, ба баҳрагирандагон дастрас гардида истодааст, ки ин ҳам гувоҳ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»/ манбаъҳои боз

Октябрь 15, 2023 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе ба майдони муколамаҳои густардаи масоили ҷаҳонии экологӣ табдил ёфт
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Ҳадафи ташаббусҳои ҷаҳониии Президенти Тоҷикистон рафъи норасоии об дар саросари дунё ва пешгирии хатарҳои камобӣ мебошад
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бояд машъалафрӯзи ҳар хонадони тоҷик бошад ва анъанаи неки шоҳномасароӣ барқарор шавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Дар фасли тобистон кадом таомҳоро бояд истеъмол намуд?
Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ ҳуқуқ ва уҳдадорӣ доранд?
Кӯдаконро аз иттилооти ба саломатӣ ва инкишофи онҳо зараровар ҳифз бояд намуд
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аҳамияти кӯдаконро дар ҳаёт ва ҷомеаи мо ҳамчун узви муҳими ҷомеа таъкид менамояд
«ШОҲНОМА — ОРМОНИ МИЛЛӢ». Он мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллии мо аст
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН. Кӯдакон сарвати бебаҳо ва фардои дурахшони миллатанд
«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил мегардад