ИҶРОИ ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ! Ҷавонони бонангу номуси шаҳри Бӯстон ҳам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуданд

Октябрь 3, 2023 14:03

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими ҷалби ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти шаҳр ва роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Иброз шуд,  ки ҷавонони мо бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори давлатҳои мутараққӣ равона менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро паси сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ, бунёдкориву донишандӯзӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят менамоянд.

Дар идома гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки «давоми солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намуданд ва борҳо собит сохтанд, ки Артиши миллӣ аз уҳдаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонад».

Маҳз дар ҷавоб ба ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҷавонони мамлакат, алахусус ҷавонони шаҳри Бӯстон ба ҳимояи марзу буми Ватан камари ҳимат баста, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд.

Дар фазои мутантан бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба як зумра наваскарон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Дар идома намоиши фарҳангиву тарбиявии «Гусели фарзанд ба хизмати Модар-Ватан» ва ҳамчун анъанаи хос маросими «нонгазонӣ»-и модарон ба ҷавонони даъватшуда баргузор гардид.

Дар интиҳо аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши ҳарбии сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ пешкаш гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Октябрь 3, 2023 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид