ИҶРОИ РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшудагон доир шуд

Октябрь 6, 2023 15:29

СУҒД, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели даъватшудагон баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоршуда сабаби он шуданд, ки имрӯз ҷавонони зиёди ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел шаванд.

Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб шуда, вобаста ба он тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Тавассути ғайрату матонати ҷавонони баору номус ва дастгирии падару модарони иззатманд дар рӯзи нахустин ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, Саразми шаҳри Панҷакент, Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, Деҳмой ва Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, Меҳробод ва Ориёни ноҳияи Ашт ва Фондарёи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сарбаландӣ баромаданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими тантанавӣ иброз дошт, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар ду марҳила даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Зеро тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд дониста шудааст.

Таъкид шуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот ва амнияти мардуми шарифи Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк менамоянд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ аст. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар менамояд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизати хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст. Падару модарон боварӣ ҳосил намудаанд, ки шароити хизмат ва зиндагонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои сарбозону афсарон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни пешниҳоди барномаи фарҳангӣ даъватшудагон ва волидони онҳо хушҳолӣ намуданд.

Дар фарҷом чун анъана аз ҷониби модарон маросими «Нонгазон» гузаронида шуда, бо дуои пирони рӯзгордида ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Октябрь 6, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд