Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво то ба 15+22 дараҷа мерасад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1-6 то 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 9-14 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






