Лионел Месси маротибаи 8-ум барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» гардид

Октябрь 31, 2023 16:19

ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 30 октябр дар шаҳри Парижи Фаронса маросими супурдани ҷоизаҳо барои мавсими гузашта аз ҷониби рӯзномаи фаронсавии France Football баргузор гардид. Бар асоси нитиҷаи овоздиҳӣ ҳамлагари дастаи футболи «Интер Майами» ва дастаи мунтахаби Аргентина — Лионел Месси барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» гардид. Ин ҷоизаи 8-уми «Тӯби тиллоӣ» барои Лионел Месси маҳсуб мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Қаблан Лионел Месси солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019 ва 2021 барандаи ҷоизаи пурнуфузи «Тӯби тиллоӣ» шуда буд.

Бояд гуфт, ки Айтана Бонмати- бозингари дастаҳои футболи «Барселона»-и Испания ва мунтахаби Испания барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» байни духтарон гардид.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби Норвегия ва дастаи футболи «Манчестер Сити» — Эрлинг Ҳоланд ҷоизаи ба номи Герд Мюллер (беҳтарин ҳамлагари сол) – ро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, ки Криштиану Роналдуи португалӣ дар 20 соли охир бори аввал ба рӯйхати 30 нафар муддаиёни ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дохил нашуд. Роналду дар ҷараёни мавсими 2022/23 дастаи футболи «Манчестер Юнайтед»-ро тарк намуда, ҳоло дар дастаи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд.

Ба ғайр аз ҷоизаи «Беҳтарин футболбози сол» дар маросими ботантана инчунин ҷоизаҳои дигар, ба мисли «Беҳтарин футболбоздухтари сол», «Беҳтарин дарвозабон», «Беҳтарин бозингари ҷавон» ва ғайра ба соҳибонашон тақдим шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 31, 2023 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод