«МОШИНҲОИ МАХСУС-ТОҶИКИСТОН-2023»: Майдон барои тавлидкунандагони техникаҳои кишоварзӣ ва пайдо намудани шарикони рушд
ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи «Кохи Борбад» Намоишгоҳи мошинҳои махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон бо номи «Мошинҳои махсус-Тоҷикистон-2023» ба кор оғоз намуд, ки зимни он намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳо, бахши хусусӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаҳои 9 корхонаи истеҳсолии Русия шинос гардиданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 5 соли ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ба мамлакат 100 трактор, комбайн ва зиёда аз 250 техникаи кишоварзӣ ворид шудааст.
Намоишгоҳи мошинҳои махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон соли дуюм аст, ки баргузор мешавад. Масъулин изҳори умедворӣ намуданд, ки дар оянда баргузории он бештар гардад. Намоишгоҳро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ташкил намудаанд.
Ба гуфтаи муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» Ботурҷон Муминов, баргузории ин гуна намоишҳо манфиати калон дошта, намояндагони ташкилоту идораҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ имконият пайдо менамоянд, ки оид ба техникаи истеҳсолӣ аз худи намояндагони корхонаҳои тавлидкунанда маълумот гирифта, аз тавоноиҳои ин техникаҳо огоҳ шаванд.
«Аллакай аз якчанд ширкати Русия, ба монанди «Агромашхолдинг» мутобиқи дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат барои гузаронидани шудгори босифат тавассути корхонаи мо тракторҳои муосири тасмачархи истеҳсоли Русия ворид гардидаанд. Ин техникаҳо имконият фароҳам меоранд, ки корҳои агротехникӣ ва саҳроӣ сари вақт иҷро шаванд. Истифодаи техникаҳои кишоварзӣ кори дастиро кам ва истеҳсолотро зиёд мегардонад»,-изҳор дошт Ботурҷон Муминов.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби корхонаи «Тоҷикагролизинг» аллакай технологияҳои кишоварзии нав, тухмипошакҳои нав барои парвариши тамоми намуди зироати кишоварзӣ ва мошини «фрезакултиватор» барои чобуқи байни қаторҳои пахта ворид гардидаанд.
Тавре Ботурҷон Муминов иброз намуд, имрӯзҳо талабот ба тракторҳои майда барои коркарди байни боғ хеле зиёд гардидааст. Зеро мо беш аз 200 ҳазор гектар боғҳои меваҷот ва дигар намуди боғ дорем, ки бояд барои он тамоми шароити техникиро муҳайё намоем.
Намоишгоҳ бо мақсади нишон додани тавонмандиҳои тавлидкунандагони таҷҳизоти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва саноати ғизоии Русия доир шуда, ҳадаф аз он пайдо намудани шарикон ва табодули таҷриба ба шумор меравад. Ба ҳайси танзимгари намоиш Ҷамъияти саҳомии «Экспоцентр» мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






