Мушкилот ва дурнамои ҳамгироии бозгашти муҳоҷирон бо маъюбият

Октябрь 30, 2023 11:49

ДУШАНБЕ, 30.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мушкилоти бозгашти коргарони муҳоҷири дорои маҳдудиятҳои функсионалӣ ва маъюб дар мулоқот оид ба натоиҷи таҳқиқоти Созмони байналмилалии муҳоҷират, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Муҳоҷирони баргаштаи тоҷик: таҳкими вокуниши бисёрсоҳавӣ ба солимии равонӣ ва ҷисмонӣ” дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ дар моҳи октябри соли 2023 гузаронида шуд, дар рафти дида баромадани баҳси ҳалталаб ва тасодуфӣ проблемаҳои иҷрошаванда ва шаклҳои физикӣ муайян карда шуданд.

Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои маъюбон, таҷрибаи мусбӣ ва сабақҳои гирифташуда сухан ронда, таъкид намуд, ки ҷанбаҳои иҷтимоии маъюбон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо таҳти назорати махсуси Президенти Тоҷикистон қарор дорад, зеро маъюбон набояд аз ҷомеа дур шаванд. Онхо ҳамчун намояндагони комилхуқуқи  ҷамъият дар пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву  иҷтимоӣ нақши  муҳим мегузоранд. Қурбонов таъкид кард, ки сиёсати иҷтимоии давлат ба таъмини ҳуқуқи маъюбон ва назорати риояи ин ҳуқуқҳо нигаронида шудааст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд, ки аз ин шумора 17 ҳазору 425 нафарашон гурӯҳи I, 78 ҳазору 627 нафарашон маъюбони гурӯҳи II ва 32 ҳазору 902 нафарашон маъюбони гурӯҳи III мебошанд, ки ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулиро доранд. Кодексҳо (андоз, замин, меҳнат, манзил, тандурустӣ) ва як қатор дигар санадҳои ҳуқуқӣ муқаррарот ва моддаҳои махсусеро дар бар мегиранд, ки ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳаёти маъюбонро танзим мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори масъул барои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат аст. Айни замон дар сохторҳои давлатӣ 220 муассиса ва шӯъбаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки бо маъюбон кор мекунанд.[1]

Бо вуҷуди талошҳои ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор мушкилоти ҷиддие барои маъюбон боқӣ мондааст. Яке аз онҳо барои гирифтани гурӯҳи маъюбӣ аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузаштан аст. Тасдиқ  аз ҷониби бахшҳои ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ ё шаҳрӣ ё шӯъбаҳои Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ройгон гузаронида мешавад. Барои аз муоина гузаштан шахси маъюб, бояд бастаи ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ намуда, ба комиссия пешниҳод намояд.Ҷамъоварии ин ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷирони бозгашта ва дигар шаҳрвандоне, ки дар манотиқи дурдасти деҳоти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, хеле душвор буда, тартиби гирифтани маъюбии расмӣ риояи расмиятҳои зиёдеро тақозо мекунад, ки  барои маъюб дар баъзе ҳолатҳо ғайри имкон мебошад.

Монеаи ҷиддӣ набудани муассисаҳои тиббӣ ва мутахассисон дар деҳот мебошад, бинобар ин барои гузаштан аз ташхис ва ба расмиёти тиббию маъмурӣ даровардани  маъюбӣ, як қатор мушкилиҳои иловагиро  ба бор меорад, аз ҷумла: роҳи дароз то маркази маъмури, дастрасии ҷуғрофӣ, сарфи маблағ ва вақт.

Дар доираи тадқиқоти Созмони байналмилалии муҳоҷират “Маъюбият дар байни муҳоҷирони кории баргашта дар Тоҷикистон: Таҳқиқоти ҳамаҷониба” тавсия дода мешавад, ки тартиби гирифтани мақоми маъюбии расмӣ бо роҳи коҳиш додани таъхирҳои ҳуҷҷатнигорӣ, зиёд кардани мӯҳлати тамдиди маъюбии гурӯҳҳои I ва II,  содда карда шавад. Ҳамчун навсозӣ ва тағир додани меъёрҳои муайян кардани маъюбӣ, аз ҷумла истиснои беморхона ҳамчун шартҳои пешакии гирифтани мақоми маъюбӣ ва гузариш ба меъёрҳои байналмилалии гурӯҳи Вашингтон[2], ки мушкилоти муайян ва таҳияи нишондиҳандаҳои маъюбӣ мувофиқ барои барӯйхатгирии аҳолӣ, тадқиқоти миллӣ ва ҷамъоварии маълумоти баландсифати маъюбӣ, ки бо меъёрҳои байналмилалӣ муқоиса карда мешаванд, ҳал хоҳад кард.

Муносибатҳои мустаҳками оилавӣ манбаи муҳими дастгирии иҷтимоиву иқтисодӣ ва равонӣ барои муҳоҷирони меҳнатии дорои маҳдудияти ҷисмонӣ дошта, ки ба ватан бар мегарданд, шуда метавонад. Ин муносибатҳо  камбудиҳои низоми кумаки тиббию иҷтимоӣ ба маъюбон вуҷуд дошта, дар Тоҷикистон ҷуброн мекунанд. Вале бояд қайд кард, ки   гамхорй дар хакки маъюб ба души аъзоёни оила ва пеш аз хама ба души занон бори калони иловагии иктисодй ва равонӣ  мегузорад. Ин, дар навбати худ, метавонад нобаробарии гендерии мавҷударо тақвият бахшад.

Надоштани маълумоти кофӣ байни муҳоҷирони меҳнатии бозгашта дар бораи ҳуқуқ ва тартиби муроҷиат барои кӯмаки давлатӣ,боиси он мегардад, ки бисёри маъюбон воқеан аз кӯмакпулӣ  ва имтиёзҳои  иҷтимоӣ, маҳрум ҳастанд.

«То имрӯз ман ба ғайр аз  нафақаи маъюбӣ дигар ягон имтиёзи иҷтимоӣ нагарифтаам, ҳатто қувваи барқро, ки барои маъюбон 50  фоиза, пешбинӣ шудааст.  Ман шахсан чанд бор ба Раиси ҷамоат муроҷиат кардам, вале муроҷиатам бе ҷавоб монд. Аз ин сабаб ман дигар ҳуҷҷатҳоямро пешниҳод накардам”. Бинобар ин се-чор бор аз ӯ пурсидам, бефоида ва дар охир аз пешниҳоди хуҷҷат даст кашидам. (мард, 44 сола, аз ш. Вахдат, Точикистон)

Муҳоҷирони дорои имконияти маҳдуд, ба ҷои кори доимӣ, ёрии тибби ва психологӣ (равонӣ) эҳтиёҷ доранд. Чанд сол пеш тибқи моддаҳои 110 ва 278-и қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаҳое, ки дар онҳо зиёда аз 50% маъюбон бо кор таъминанд, имтиёзҳои андоз пешбинӣ шуда буданд. Мутаассифона, ин муқаррарот дар таҳрири нави Кодекси андоз мавҷуд намебошад.

Асадулло Зикрихудоев, раиси Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон мегӯяд: “Мо ҳоло талош дорем, то андозҳои имтиёзноки қаблӣ баргардонида шаванд. Вақте мо ба Кумитаи андоз муроҷиат кардем, ки чаро ин имтиёзҳо лағв шуданд, посух гирифтем, ки 30 сол боз ягон соҳибкор аз ин имтиёзҳо истифода накардааст. Бо вуҷуди ин, мо онҳоро итминон додем, ки созмонҳое чун ҷамъиятҳои маъюбон, нобиноён ва ношунавоён имтиёзҳои андоз доранд. Дар ҳоли ҳозир ҳам Кумитаи андоз ва ҳам Вазорати молия ба ин кор машғуланд. Умедворем, ки меъёрҳои имтиёзноки андоз барқарор карда мешаванд”.

Ташривбек Завкибеков 44 сол боз дар шуъбаи Чамъияти ношунавоёни Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон кор мекунад, ки ҳоло дар он 510 нафар, асосан маъюбони модарзод ба кайд гирифта шудаанд, вале дар байни онхо шахсоне хам хастанд, ки сохиби нишони истеҳсолӣ мебошанд ва ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо шумораи камтарини онҳое, ки ба қайд гирифта шудаанд,ки  бо кор таъминанд, корфармоёни маҳаллӣ аз меҳнати онҳо  на ҳама вақт истифода менамоянд ва масъулияти бехатарии онҳоро дар ҷараёни истеҳсолот ба дӯш намегиранд.

«Мо қаблан курсҳои дуредгарӣ, пойафзолдӯзӣ, дӯзандагӣ ва дигар касбҳоро доштем, аммо ҳоло бо сабаби набудани маблағ онҳо вуҷуд надоранд ва аксари маъюбони ҷисмонӣ бе ягон ихтисос мондаанд, ки боиси коҳиши сатҳи бекорӣ байни маъюбон гардид. Дар шаҳри Хоруғ дӯкони қаннодӣ, ки ба он Меҳринисо Атобекова роҳбарӣ мекунад, волидайнаш шаҳрвандони ношунаво буданд, имрӯз ба мо кӯмак карда, тамоми духтарону занони нуқсони  шунавоӣ доштаро ба кор қабул кардааст. Кори ӯ хуб пеш меравад ва ба шарофати интиқоли андоз ба фонди нафақа, нафақаи  кормандон  сол аз сол зиёд мешаванд».

Ба гуфтаи коршиноси Созмони байналмилалии муҳоҷират, ҳаммуаллифи пажӯҳиши “Маъюбият дар миёни муҳоҷирони кории баргашта дар Тоҷикистон: Таҳқиқоти ҳамаҷониба” Алла Иванова, дар ояндаи наздик бояд маҷмӯи маводи иттилоотӣ барои муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи имконият таҳия карда шавад ва тадбирҳои реинтеграция дар бозори меҳнат, инчунин тартиби гирифтани ёрии давлат, хизматрасонии иҷтимой ва тиббӣ боз ҳам беҳтар карда шавад.

Маҷмӯа бояд маълумотеро дар бар гирад, ки махсусан барои занони муҳоҷири баргашта, инчунин муҳоҷирони маъюб нигаронида шудааст. Ин маълумот бояд дар деҳот тавассути шабакаҳои кӯмаки мутақобила, марказҳои захиравӣ барои муҳоҷирон, ширкатҳои иттилоотии мақсаднок, тавассути телефони боварӣ (телефон, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ) ва гурӯҳҳои мобилӣ барои паҳн кардани иттилоот ва расонидани кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии баргашта, дорои  маъюбият ва аъзои оилаи онҳо истифода гардад.

Ҳамин тариқ, масъалаи ҳамгироии дубораи  муҳоҷирони маъюб барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва дар маҷмуъ  барои тамоми ҷомеа мушкили ҷиддӣ мебошад ва иҷрои  ин масъулият тавассути  ҳамкории густурда байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ , Вазорати корҳои хориҷӣ , Вазорати молия, дигар вазорату идораҳои дахлдор  инчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, ки дар Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030[3] ва Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон пешбинӣ шудаанд[4], имконпазир мегардад.

Шоира Тоирова

[1] Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ аз 26 апрели соли 2022, No177. http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=142027

[2] Гурӯҳи Вашингтон оид ба омори маъюбӣ (WG). https://www.washingtongroup-disability.com/

[3] Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, No636 “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”. — http://www.adlia.tj/show_ext.fwx?ext=1701

[4] Национальная программа реабилитации инвалидов на 2017 — 2020 годы от 28 октября 2016 года, № 455. —http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=127958

Октябрь 30, 2023 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст