Ниҳодҳои обуҳавошиносии Тоҷикистон ва Финляндия масъалаи гузаштан ба технологияи нави беҳтарсозии пешгӯиҳоро баррасӣ намуданд

Октябрь 7, 2023 12:07

ДУШАНБЕ, 07.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муқаддимавии марҳилаи сеюми Лоиҳаи обуҳавошиносии Финляндия ва Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи гузариш ба  технологияҳои нави  беҳтарсозии  пешгӯиҳо баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд.

Мутахассисони соҳавии Агентӣ ба иштирокчиён тариқи рӯнамо оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон дар ҷараёни кори ҳамоиш рӯнамоҳои кормандони Агентӣ ва шарикони рушд дар самти огоҳии барвақтӣ ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ, такмил додани системаи мониторинги сифати ҳавои атмосфера, гузариш ба технологияҳои нави беҳтарсозии  пешгӯиҳо ва сифати маҳсулоти обуҳавошиносӣ баррасӣ шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамкории Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Институти метеорологии Финляндия соли 2013 дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Финляндия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Зимни он марҳилаи аввали Лоиҳаи «Фин – Тоҷ» оғоз ёфта буд.

 АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2023 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд