ОФАРИН! Меҳрзод, Шаҳбоз ва Абубакр ғолиби рӯзи якуми Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара шуданд

Октябрь 5, 2023 12:46

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар ноҳияи Данғара мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудочиён аз рӯи вазнҳои 60, 66, 73 кг байни мардон ва 52, 57, 63 кг байни бонувон қувваозмоӣ намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев аз макони мусобиқа ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Имрӯз рақобатҳо дар вазнҳои то 81, 90, 100 ва ҷамъи 100 кг доир мегарданд. Дар мусобиқа паҳлавонон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя иштирок доранд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ: ҷои якум- 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм- 11 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон ва 3 вазн байни занон баргузор мегардад.

Ғолибони рӯзи якуми Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мардон

Вазни -60 кг
1.Меҳрзод Суфиев (Тоҷикистон)
2. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (Тоҷикистон)
3. Раҳмон Ҷумаев (Узбекистон)
3.Мустафо Нуров (Тоҷикистон)

Вазни -66 кг
1.Шаҳбоз Саидабуроров (Тоҷикистон)
2.Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон)
3. Суҳроб Боқиев (Тоҷикистон)
3.Азамат Ёқубов (Тоҷикистон)

Вазни — 73 кг
1. Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)
2. Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)
3. Саидраҳмон Қодиров (Тоҷикистон)
3.Муҳаммадраҳим Сарахонов (Тоҷикистон)

Бонувон
Вазни -52 кг
1. Сита Қадамбоева (Узбекистон)
2.Аҳлия Муминова (Тоҷикистон)
3. Саёҳат Холназарова (Тоҷикистон)
3. Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон)

Вазни -57 кг
1. Нилуфар Эрманбетова (Узбекистон)
2. Кан Александра (AIN)
3. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
3. Рӯзафсун Бекназарова (Тоҷикистон)

Вазни -63 кг
1. Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)
2. Мавлуда Одинаева (Тоҷикистон)
3. Ҷудочӣ аз Афғонистон

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2023 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад