ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Абдиш-Ата»-и Қирғизистон бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб — барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 бо дастаи футболи «Абдиш-Ата»- чемпиони Қирғизистон бозӣ менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
5 октябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи «Олтин Асир»-и Туркманистон ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта- дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ашқобод» бо иштироки 16 000 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба анҷом расид. Тӯбҳоро аз ҳайати дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Эммануэл Мваненго дар дақиқаи 17-ум ва аз ҳайати мизбонон Оразсаҳед Муратбердиев дар дақиқаи 52-юм ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 0 бар 0 дар шаҳри Ҳисор бозӣ намуда буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






