ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 1,1 млн тонна ангишт захира менамояд

Октябрь 9, 2023 13:44

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар сатҳи баланд ва бе мушкилот гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои тамоми бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат  муҳимияти зиёд дорад. Ин аст, ки бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани аҳолии пойтахт захираи ангишт барои эҳтиёҷоти филиали «Маркази барқу гармидиҳӣ-2»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳаҷми 1,1 млн тонна  муайян шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бо мақсади таъмини талаботи филиали «Маркази барқу гармидиҳӣ-2 бо ангишт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 кашонидан ва захираи ангишт идома дорад. Захираи умумии ангишт то 1 октябри соли 2023  852  ҳазор тонна ё 77,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳӣ дар маҷмуъ 19,7 ҳазор тонна мазути камсулфур баробар ба 65,7 фоизи нақша захира шудааст.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Пешвои миллат супориш доданд, ки барои зимистонгузаронӣ дар сатҳи зарурӣ, таъмини пурраи аҳолӣ ва иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо неруи барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти зироат, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи сӯзишворӣ ва нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ба тасвиб расид.

Бо қарори мазкур ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо дар самти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд. Ҳоло ин ситод барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қарори мазкур фаъолияти амалӣ  мебарад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 9, 2023 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд