ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» 17 800 тонна маводи зиддилағзиш ва 437 413 литр сӯзишвори дизелӣ захира намудааст
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали ширкат 437 413 литр сӯзишвори дизелӣ, 17800 тонна маводи зиддилағзиш захира шуда, ин раванд идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин ширкат хабар доданд.
Агар бо мусоид гардидани обу ҳаво дар фаъолияти «IRS» таъмиру таҷдиди роҳ мақоми меҳварӣ дошта бошад, дар мавсими сармо таваҷҷуҳи масъулин ба рафъи пайомади тармафароӣ, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш равона мешавад. Далелу рақамҳо гувоҳи он ҳастанд, ки имсол низ мавсими таъмиру таҷдиди роҳ бо нишондиҳандаҳои арзанда ва барзиёд ҷамъбаст гардид.
Тибқи нақша, дар минтақаи Варзоб 46 050 метри мураббаъ бо масрафи 6595,35 тонна асфалт, дар минтақаи Зарафшон 42821 метри мураббаъ бо сарфи 6072,52 тонна асфалт ва дар минтақаи Суғд 100140 метри мураббаъ бо харҷи 14499,50 тонна асфалт бояд таъмир мегардид. Ин нақшаҳое буданд, ки филиали «IRS» пешорӯйи худ гузошта, бо масъулиятшиносӣ, азми қавии кормандон ва истифодаи самараноки имконияти аз ҷониби роҳбарияти «IRS» фароҳамоварда дар минтақаҳои Зарафшон, Варзоб ва Суғд нақша барзиёд иҷро гардид. 57299,28 метри мураббаъ роҳ дар Зарафшон (134%), 50363 метри мураббаъ дар Варзоб (109%) ва 103237, 94 метри мураббаъ дар Суғд бо сатҳи хубу сифати баланд таъмир шуд.
Ҳоло кормандони «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дида, дар ин раванд ҳолати техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ авлавият дорад.
Илова бар ин, 425 чархи резинии зимистонаи мошин ва механизмҳои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории 535 000 литр чунин маводро доранд, барқарор шуданд. Муҳимтар аз ҳама, техникаву механизми филиали ширкат, ки теъдодашон 218 адад аст, ба мавсими зимистон пурра омода мебошанд.
АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






