«ПАРВАРИШГОҲИ МОҲИИ ХУШЗОТ». Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиёда аз чор навъи моҳӣ парвариш меёбад

Октябрь 7, 2023 14:49

 ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоҳати заминҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Парваришгоҳи моҳии хушзот»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 905 гектар кӯли моҳиро дар бар гирифта,  дар он бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зиёда аз чор навъи моҳӣ парвариш меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хутлон хабар медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон бо фаъолияти ин ҷамъият шинос шуд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зиёд намудани саршумори моҳӣ ва кӯлҳои моҳипарварӣ» барномаи махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи он то имрӯз дар саросари вилоят барои рушди соҳаю парвариши бештари моҳӣ мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар маҷмуъ беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ мешавад.

Бо иштироки раиси вилоят дар ин ҷо зиёда аз 1000 сар мурғи фазан ё тазарв сар дода шуд.

Мақсад аз овардани мурғи фазан ба ин мавзеъ- рушди соҳаи парандапарварӣ, афзоши ин намуди парандаи нодир ва рангоранг сохтани олами наботот мебошад.

Раиси вилояти Хатлон ба роҳбарияти ҷамъият ҷиҳати ҳарчӣ бештар намудани саршумори паранда дастуру супоришҳои муфид дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Октябрь 7, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»