Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 26, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар асоси татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иқдомҳои бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 соли 2021 оғоз ёфта, соли 2023 ба анҷом расонида шуд. Бинои иловагии муассиса аз таҳхона ва 24 синфхона иборат буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Китобхона ва синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз шумули шароитҳоест, ки имкониятҳои муассисаи навро комил сохтааст.

Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, саҳни он мутобиқ ба стандартҳои пазируфташуда оро ёфтааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 76 нафар омӯзгор дарс мегӯянд.

Шумораи умумии хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Рӯдакӣ 2450 нафарро ташкил медиҳад.

Иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз тарафи ҶДММ “Бодома” бунёд шудааст.

Ҷиҳати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ 40 нафар фаъолият намудаанд. Тарҳи иншоот аз ҷониби Корхонаи фаръии КВД “Лоиҳакаш” таҳия шуда, барои анҷоми тадбирҳои сохтмонӣ бештар аз 8 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Дар назди муассисаи мазкур бо мақсади гузаронидани соатҳои тарбияи ҷисмонӣ майдончаи замонавии варзишӣ низ бо тарҳу шакли муосир бунёд шудааст. Қарор аст, ки дар паҳлуи бинои нав, инчунин толори болопӯшидаи варзишӣ ҳам сохта ба истифода дода шавад. Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ин муассисаи нави таълимӣ ва суҳбат бо хонандагону омӯзгорон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат бобати рушди соҳаи маорифи мамлакат ибрози андеша карда, изҳор доштанд, ки бояд фарзандони замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҳама гуна меъёрҳои илмомӯзӣ бархӯрдор бошанд.

Гуфта шуд, ки ноҳияи Рӯдакӣ аз зумраи минтақаҳои сернуфуси мамлакат буда, теъдоди умумии хонандагон дар ин ноҳия ба 105 ҳазору 659 нафар мерасад. Таъкид гардид, ки дар ҳудуди ноҳия 137 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, шумораи умумии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ 4412 нафарро ташкил медиҳад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави таҳсили 2023-2024 дар назди 14 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ 82 синфхона барои 1968 ҷойи нишаст бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, то охири соли равон дар 18 мактаби дигар бунёди биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз 205 синфхона иборат буда, барои 4920 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст зина ба зина ҳалли худро пайдо мекунад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз муассисаи таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, зимни суҳбат бо хонандагон онҳоро ба омӯзиши густурдаи илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд ва омӯзгоронро вазифадор сохтанд, ки ба хотири тарбияи муҳассилин дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ, аз ҳамаи имкониятҳо мақсаднок истифода баранд. Зеро дар замони муосир бе инкишофи устувори соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, рушди дигар бахшҳои иқтисоди миллиро таъмин кардан ғайриимкон аст.

Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 дар ноҳияи Рӯдакӣ 26.10.2023

Октябрь 26, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд