Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Пешвои миллат дар робита ба садама дар кони ангишт дар вилояти Қарағанда, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ба Президент ва мардуми бародари Қазоқистон ҳамдардиву таъзияи амиқ баён намуданд. Сарвари давлати мо таслияту ғамшарикии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин таманниёти шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон иброз намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки оқибатҳои садама ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарони давлатҳо алоқамандии ҷонибҳоро ба идомаи ҳамоҳангии зичи талошҳои ҷонибҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.
Вобаста ба оқибатҳои фоҷеабори садама дар кони ангишт Президенти Тоҷикистон ба унвони Сарвари давлати Қазоқистон ҳамчунин барқияи таслият ирсол намуданд.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






