Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс Умар Кремлёвро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар давлати мо табодули афкор анҷом дода шуд.
Сарвари давлат иштироки фаъолонаи боксчиёни тоҷикро дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намуда, натиҷаҳои баланди онҳоро дар солҳои охир тазаккур доданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат дастовардҳои боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои осиёиро дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар онҳо боксчиёни мо як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд, таъкид намуданд.
Ҳамчунин ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Федератсияи бокси Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи ин намуди варзиш андешида мешаванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин ба ҳамкории минбаъдаи судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс изҳори умед намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






